ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти масъулини Хадамоти гумруки Тоҷикистон бо ҳайати Эрон баргузор гардид

16 сентябр дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти масъулини Хадамот бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои густариши ҳамкории гумрукӣ ва рушди минбаъдаи тиҷорати байни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Эронро муносибатҳои деринаи дӯстӣ, муштаракоти таърихию фарҳангӣ ва ҳамкориҳои рӯ ба рушд ба ҳам мепайванданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳамияти хос дода, омода аст ҳамкориро дар самти содагардонии расмиёти гумрукӣ, рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот густариш диҳад.

Зикр шуд, ки гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 59 миллион доллари соли 2020 то 453,9 миллион доллар дар соли 2025 афзоиш ёфтааст.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки афзоиши ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷӣ аз тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла содагардонии расмиёти гумрукӣ, мубодилаи электронии маълумоти пешакӣ ва таъсиси гурӯҳи кории соҳавӣ барои баррасии пайвастаи масъалаҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин масъалаи иштироки намояндагони ҷонибҳо дар муоинаи гумрукии молҳои воридотӣ, ки тавассути воситаҳои нақлиёт ва қатораҳои Эрон интиқол дода мешаванд, баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли ҳар чӣ зудтари мушкилоти мавҷуда тадбирҳои муштарак андешида шаванд. Таъкид гардид, ки бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта метавонад ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи тиҷорати байни Тоҷикистону Эрон мусоидат намояд.

Зимни мулоқот ба зарурати идомаи ҳамкории судманд байни мақомоти гумруки ду кишвар ва таҳкими робитаҳои соҳавӣ таъкид карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: