7 сентябри соли 2026 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумрук, инчунин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева ва сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатзода иштирок намуданд.
Дар оғоз Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ба толори маҷлисгоҳ ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амр намуд. Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ гардид.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон танҳо санаи тақвимӣ набуда, балки пояи давлатдории миллӣ, заминаи рушди устувор ва омили таҳкими мавқеи кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ низоми гумрукии кишвар марҳилаҳои муҳими рушдро тай намуда, ба яке аз сохторҳои муҳими ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат табдил ёфтааст.
Имрӯз фаъолияти мақомоти гумрук ба талаботи замони муосир мутобиқ гардида, истифодаи технологияҳои рақамӣ, соддагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва тақвияти назорати гумрукӣ аз самтҳои асосии фаъолияти он ба шумор мераванд.
Таъкид гардид, ки иҷрои вазифаҳои ба зиммаи мақомоти гумрук гузошташуда пеш аз ҳама аз масъулиятшиносӣ, донишу малака, садоқат ба Ватан ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматии ҳар як корманди соҳа вобаста мебошад.
Дар идомаи маҷлиси тантанавӣ саҳми кормандони мақомоти гумрук дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар қадрдонӣ гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ 3 нафар корманди мақомоти гумрук бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуда, ба як қатор кормандони соҳа ифтихорномаҳо ва рутбаҳои навбатӣ супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки 3 сентябри соли 2026 панҷ нафар кормандони мақомоти гумрук аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин қадрдониҳо рамзи эҳтиром ба меҳнати содиқона, садоқат ба касб ва масъулияти баланди касбии кормандони мақомоти гумрук арзёбӣ гардиданд.
Мақомоти гумрук ҳамчун ҷузъи муҳими низоми иқтисодии кишвар дар марҳилаи нави рушди давлатдорӣ рисолати худро — ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат ва таъмини амнияти иқтисодии кишвар — бо масъулияти баланд идома медиҳад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


