ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар мақомоти гумрук ба муносибати осори Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш баргузор шуд

18 августи соли 2026 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият» ҳамоиш баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ, генерал-майори хадамоти гумрук Абдуғаффорзода Баҳром, инчунин ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш оид ба ҳаёт ва фаъолияти илмии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, нақши ӯ дар рушди илму фарҳанги башарият ва аҳамияти осори гаронбаҳояш маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

Гуфта шуд, ки Абӯалӣ ибни Сино аз бузургтарин донишмандони тоҷик ва нобиғаҳои ҷаҳонӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни илм, аз ҷумла фалсафа, тиб, мантиқ, риёзиёт, нуҷум ва ҳандаса саҳми бузург гузоштааст. Осори ӯ дар тӯли асрҳо барои рушди тафаккури илмӣ ва фалсафӣ хизмат намуда, то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштааст.

Иштирокдорон таъкид намуданд, ки Абӯалӣ ибни Сино илмро василаи хизмат ба инсон ва ҷомеа медонист. Андешаҳои илмӣ ва фалсафии ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ нақши муҳим дошта, осори ӯ ҳамчун мероси арзишманди илмию фарҳангии халқи тоҷик ва тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Махсусан, ба нақши осори бо забони тоҷикӣ таълифнамудаи Ибни Сино дар рушди забони илмӣ ва фалсафии тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Дар ин замина «Донишнома»-и Ибни Сино ҳамчун намунаи барҷастаи осори илмӣ ва фалсафии ба забони тоҷикӣ таълифшуда арзёбӣ гардид.

Зимни суханронӣ аз андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» доир ба мақому ҷойгоҳи Абӯалӣ ибни Сино баён шудаанд, ёдоварӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, таъкид намудаанд: «Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад».

Дар идомаи ҳамоиш аз эҷодиёти ин мутафаккири бузург шеърҳо қироат гардида, вобаста ба зиндагинома ва фаъолияти илмии Абӯалӣ ибни Сино саволу ҷавоб баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифати илмӣ, донишу ҷаҳонбинии кормандон, бахусус ҷавонон, инчунин тарғиби осори илмӣ ва адабии бузургони миллат аҳамияти муҳим доранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ташкилкунандагони чорабинӣ ба муассиси китобхонаи Хадамоти гумрук ва китобдори он Зуҳро Қамбарова барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории чорабинӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Кормандони Хадамоти гумрук, бахусус ҷавонон, ба истифодаи самаранок аз имкониятҳои китобхонаи Хадамот, мутолиаи китоб ва омӯзиши осори илмӣ ва адабии бузургони миллат даъват карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Абӯалӣ ибни Сино дар охири асри X ва аввали асри XI зиндагӣ намуда, дар тӯли ҳаёти худ дар соҳаҳои гуногуни илм осори зиёди илмӣ ва фалсафӣ таълиф кардааст. Шоҳасари ӯ «Қонун фи-т-тиб» дар таърихи илми тиб мақоми хос дошта, дар тӯли асрҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими омӯзиши тиб истифода шудааст.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: