10 июли соли 2026 дар толори хурди Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи амалисозии Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» омӯзиш оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ ва рушди иқтидори кадрӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи ҳайати кадрӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти гумрук дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ аз нуқтаи назари гендерӣ доир шуда, дар он намояндагони раёсатҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки таҳкими баробарии гендерӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занону мардон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби бештари онҳо ба хизмати давлатӣ пайваста тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд.

Иштирокчиён иброз доштанд, ки риояи принсипҳои гендерӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ на танҳо ба таъмини баробарии имкониятҳо, балки ба такмили идоракунии захираҳои инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳо ва ташаккули муҳити солиму касбии меҳнат мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни омӯзиш мушовири маҳаллӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ Замира Самадова оид ба татбиқи принсипҳои баробарии гендерӣ дар идоракунии кадрҳо, пешгирии табъиз дар муҳити корӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди касбии кормандон ва таҷрибаи муосири байналмилалӣ маърӯза намуд.
Таъкид карда шуд, ки омӯзишҳои мазкур дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардида, ба рушди иқтидори касбии кормандони мақомоти гумрук ва татбиқи босамари нишондиҳандаҳои гендерии лоиҳа мусоидат хоҳанд кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби коршинос посухҳои муфассал дода шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


