Бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева, инчунин ҳайати шахсии дастгоҳи марказии хадамот иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои мавҷуда, пояҳои давлати соҳибихтиёр таҳким ёфта, барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода зимни суханронӣ оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва нақши барҷастаи Пешвои миллат дар барқарорсозии сулҳу субот ва таҳкими давлатдории миллӣ ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки маҳз бо шарофати сиёсати дурандешона, иродаи қавӣ ва масъулияти баланди давлатӣ Тоҷикистон тавонист ба низои дохилӣ хотима бахшида, роҳи созандагӣ ва рушди устуворро пеш гирад.
Ҳамчунин Рафиқа Мусоева доир ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Гуфта шуд, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ҳамчун намунаи нодир дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, мавриди омӯзиши созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои сиёсӣ қарор гирифтааст. Сулҳи тоҷикон бо пойдорӣ ва натиҷаҳои созандааш аз арзишмандтарин дастовардҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мешавад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатӣ, Ватан ва Модар аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор рафта, омили асосии субот, амният ва пешрафти давлат мебошад. Иштирокдорон зарурати таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолу ваҳдатро аз вазифаҳои муҳими ҷомеа арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони мақомоти гумрук оид ба аҳамияти сулҳу ваҳдат ва нақши он дар рушди давлат маърӯзаҳо пешниҳод карданд.
Ҳамчунин дар фазои тантанавӣ як гурӯҳ кормандони Хадамоти гумрук барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзандаашон дар рушди соҳа бо мукофотҳои соҳавӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш Сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, хонаободӣ ва дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳои нав орзу кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


