ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук озмунҳои китобхонӣ ва шеърхонӣ баргузор гардид

24 июни соли 2026 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои китобхонӣ ва шеърхонӣ дар байни ҳайати шахсии мақомоти гумрук баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи тадбирҳои дохилиидоравӣ ҷиҳати иҷрои банди 18 протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2026 баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо натиҷаи сиёсати фарҳангпарварона ва маорифдӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба рушди илму маориф, фарҳанг ва китобдорӣ дар мамлакат фазои мусоид барои баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ва тарбияи ҷавонони донишманду ватандӯст фароҳам омадааст.

Дар озмун роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии хадамот иштирок намуданд. Муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Хуршед Бобоев зимни ифтитоҳи озмун аз аҳамияти тарғибу ташвиқи китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва рушди маънавии кормандон ёдовар шуд.

Таъкид гардид, ки китобхонӣ яке аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, рушди тафаккур ва ғанӣ гардонидани маънавиёти инсон ба ҳисоб меравад. Бо мутолиаи китоб инсон донишу таҷрибаи худро такмил дода, дар роҳи худшиносӣ ва худтакмилдиҳӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Ҳамзамон, шеърхонӣ ҳамчун бахши муҳими фарҳанги миллӣ дар парвариши завқи зебоипарастӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муассир дорад. Тавассути омӯзиш ва қироати осори шоирони классик ва муосир ҷавонон бо мероси гаронбаҳои адабии миллат ошно гардида, ҳисси ифтихори миллии онҳо тақвият меёбад.

Иштирокчиёни озмун бо қироати шеърҳо ва муаррифии китобҳои мутолианамудаи худ сатҳи хуби дониш, маҳорати суханварӣ ва таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба омӯзиши адабиётро нишон доданд.

Иштирокдорон аз рӯи номинатсияҳои адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти муосир донишу маҳорати худро нишон доданд. Ҳайати ҳакамон маҳорати китобхонию шеърхонии иштирокдоронро арзёбӣ намуда, ба онҳо тавсияҳои муфид пешниҳод карданд.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки бо ташаббуси Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон, дар бинои марказии мақомоти гумрук китобхонаи замонавӣ бунёд шудааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги мутолиаи кормандон мусоидат менамояд.

Зикр шуд, ки ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва мутолиаи асарҳои арзишманд дар ташаккули шахсияти соҳибмаърифат, ватандӯст ва созанда нақши муҳим дорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: