ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷрибаи мақомоти гумруки ИМА дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 июни соли 2026 рунамо оид ба фаъолияти мақомоти гумруки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сардори Донишкадаи такмили ихтисоси мақомоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин оғоз гардид.

 

Зикр карда шуд, ки нозири калони Донишкада Раҳмонзода Акбар Сайдалӣ дар асоси Розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармоиши Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 март то 11 апрели соли 2026 дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар давраи омӯзиши байналмилалӣ таҳти унвони «Муайянкунии гардиши ғайриқонунии мол» иштирок намуд. Омӯзиши мазкур дар шаҳри Эл Пасои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Дар идома Раҳмонзода Акбар Сайдалӣ рунамо оид ба фаъолияти мақомоти гумруки ИМА пешниҳод намуда, доир ба сохтор ва самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти гумрук ва ҳифзи сарҳади ИМА маълумот дод. Таъкид гардид, ки ин ниҳод ҳамзамон масъули таъмини амният ва ҳифзи сарҳад буда, соли 2003 дар натиҷаи муттаҳид гардидани се мақомоти давлатӣ таъсис ёфтааст ва дар назди Вазорати амнияти дохилии ИМА фаъолият менамояд.

Ҳамчунин иштирокчиён бо фаъолияти бандари сарҳадии Эл Пасо шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин гузаргоҳи муҳими сарҳадӣ дорои чор пули байналмилалӣ, ду хатти роҳи оҳан ва як фурудгоҳи байналмилалӣ буда, ҳамасола аз тариқи он зиёда аз 16 миллион воситаи нақлиёт ва беш аз 7 миллион мусофир ҳаракат менамоянд. Дар ҷараёни рунамо масъалаҳои марбут ба тартиби гузаронидани муоинаи гумрукии воситаҳои нақлиёт ҳангоми убури сарҳади гумрукии ИМА низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид карда шуд, ки иштирок дар чунин барномаҳои омӯзишии байналмилалӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук мусоидат намуда, таҷриба ва маводи бадастомада дар фаъолияти амалӣ, аз ҷумла дар самти муайян ва пешгирии гардиши ғайриқонунии мол, истифода хоҳанд шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: