20 майи соли 2026 дар толори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва Нақшаи амал оид ба татбиқи он вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии хадамот, инчунин намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷибекзода Зафар Мададбек - прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо, мушовири адлияи дараҷаи 2 иштирок намуданд.
Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф зимни суханронӣ иброз дошт, ки терроризм ва экстремизм таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва давлатӣ буда, мақомоти гумрук ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими ҳифзи ҳуқуқ дар хатти аввали назорати сарҳадӣ барои пешгирии воридоти маводу адабиёти экстремистӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Сипас, Тоҷибекзода Зафар Мададбек оид ба заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо экстремизм ва терроризм, нуктаҳои асосии Стратегияи миллӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои мамнуъ суханронӣ намуд. Ҳамчунин, зимни баромад таҳлили усулҳои муосири ҷалби ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар идома, сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ, генерал-майори хадамоти гумрук Исозода Исо Шайдулло оид ба корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои минбаъдаи хадамот дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм бо рӯнамо баромад намуд.
Таъкид гардид, ки Хадамоти гумрук ҳамчун субъекти муборизабаранда бар зидди экстремизм ва терроризм фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ, қочоқи маводи нашъаовар, силоҳ ва ҷиноятҳои киберӣ чораҳои дахлдор меандешад.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия гардида, барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандон омӯзиши қонунгузории соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён оид ба масъалаҳои мубрами мубориза бо экстремизм ва терроризм мубодилаи афкор намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


