ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баррасии раванди ислоҳоти низоми гумрукӣ ва татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ

19 майи соли 2026 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар доираи миссияи кумаки техникӣ оид ба ислоҳоти низоми андоз ва гумрук баргузор гардид.

Ҳайатро Ян Лёприк — мутахассиси пешбари бахши давлатӣ ва роҳбари миссия роҳбарӣ намуд.

Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. ифтитоҳ намуда, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ-ро хайрамақдам гуфт. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳониро қаноатбахш арзёбӣ намуда, идомаи ҳамкориро дар самти ислоҳоти низоми гумрукӣ, рақамикунонии хизматрасониҳо ва рушди иқтидори институтсионалӣ муҳим хонданд. Турсунзода А.Ҳ. дар бораи ислоҳоту навгониҳои дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 то имрӯз амалигардида маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки дар ин давра ҷиҳати мутобиқсозии фаъолияти мақомоти гумрук ба талаботи муосир ва стандартҳои байналмилалӣ як қатор чораҳои муассир амалӣ шудаанд.

Аз ҷумла, дар самтҳои рақамикунонии расмиёти гумрукӣ, содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ, такмили низоми идоракунии хавфҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, рушди инфрасохтори гумрукӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолият тадбирҳои назаррас роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамзамон, дар мулоқот барномаҳои миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2024 ва 2025–2029 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки дар доираи ин барномаҳо татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ аз пешрафтҳои дар самти ислоҳот ва навсозии соҳа бадастомада истиқбол намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои техникӣ ва дастгирии самтҳои афзалиятноки соҳа изҳор доштанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои вохӯриро мусбат арзёбӣ намуда, идомаи ҳамкориҳоро дар самти татбиқи ислоҳоти минбаъдаи гумрук, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур шумориданд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи мулоқотҳои минбаъда, муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: