Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукии Хадамоти гумрук Ёрмаҳмадзода Комёр Ёрмаҳмад меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуд.
Муовини роҳбари намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризвон Гул барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин мулоқотҳо барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба воридоти меваю сабзавот ва гӯшт аз Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони сафорат ба тартиби барасмиятдарории гумрукӣ, усулҳои муайян намудани пардохтҳои гумрукӣ, низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва муҳлати анҷоми амалиётҳои гумрукӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Тавре аз ҷониби Хадамоти гумрук иброз гардид, мақомоти гумрук фаъолияти худро дар асоси қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ монда, дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва мутобиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида, омодаанд барасмиятдарории гумрукии молҳоро анҷом диҳанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, мубодилаи иттилоот ва таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ таъкид намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


