7 майи соли 2026 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон пресс-тур баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ бо ВАО, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти гумрук ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз фаъолияти соҳа роҳандозӣ карда шуд.
.jpg)
Пресс-тур аз бинои асосии Хадамоти гумрук оғоз гардида, иштирокчиён нахуст бо фаъолияти сохторҳои марказии мақомоти гумрук шинос шуданд. Дар ҷараёни боздид намояндагони ВАО ва блогерон аз Осорхонаи Хадамоти гумрук дидан намуда, бо таърихи ташаккул ва рушди мақомоти гумруки кишвар, дастовардҳои соҳа дар солҳои истиқлолият, инчунин намунаҳои нигораҳои таърихӣ ва маводҳои арзишманди марбут ба фаъолияти гумрукӣ шинос гардиданд.
.jpg)
Ҳамзамон, меҳмонон аз китобхонаи Хадамоти гумрук боздид ба амал оварда, бо адабиёти соҳавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурамалҳо ва дигар маводи илмӣ-амалӣ, ки дар фаъолияти кормандони мақомоти гумрук истифода мешаванд, ошно шуданд.
Пас аз боздид аз китобхона, аз ҷониби кормандони низоми «Равзанаи ягона» рунамои фаъолияти низом баргузор гардид. Дар ҷараёни муаррифӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон оид ба ҳадаф, имконият ва бартариҳои «Равзанаи ягона» маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Қайд гардид, ки низоми мазкур барои содагардонии расмиёти савдои хориҷӣ, коҳиш додани вақти барасмиятдарорӣ ва беҳтар намудани ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдор мусоидат менамояд. Ҳамчунин, иштирокчиён бо тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои электронӣ ва хизматрасониҳои рақамии амалкунанда шинос шуданд.
.jpg)
Дар идомаи чорабинӣ намояндагони ВАО ба Маркази ҳолатҳо ташриф оварданд. Масъулини соҳа ба иштирокчиён вобаста ба низоми назорат ва мониторинги фаъолияти гумрукӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва имкониятҳои техникӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Зикр гардид, ки дар солҳои охир дар мақомоти гумрук ҷиҳати рақамикунонии хизматрасониҳо ва истифодаи технологияҳои инноватсионӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардида истодаанд.
.jpg)
.jpg)
Яке аз бахшҳои муҳими пресс-тур шиносоӣ бо Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии «АСИКУДА»-и ҷаҳонӣ ва Маркази маълумотҳо ба ҳисоб мерафт. Ба намояндагони ВАО иттилоъ дода шуд, ки низоми мазкур яке аз механизмҳои асосии рақамикунонии расмиёти гумрукӣ буда, барои суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ, коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолият мусоидат менамояд. Иштирокчиён бо тартиби пешниҳоди эъломияҳои электронӣ, коркарди маълумот ва дигар хизматрасониҳои рақамии мақомоти гумрук аз наздик шинос шуданд.
.jpg)
.jpg)
.jpg)
.jpg)
Баъд аз анҷоми қисми аввали чорабинӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон ба Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода сафар намуданд. Дар доираи сафар иштирокчиён аз фаъолияти Дидбонгоҳи гумрукии «Дӯстӣ» боздид ба амал оварданд. Масъулини дидбонгоҳ ба рӯзноманигорон ва блогерон оид ба тартиби убури молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, раванди назорати гумрукӣ, истифодаи таҷҳизоти муосир ва тадбирҳои таъмини амнияти иқтисодӣ маълумот пешниҳод намуданд.
.jpg)
Зимни боздид иштирокчиён инчунин бо фаъолияти кормандони гумрук дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ ва содагардонии расмиёти марбут ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шинос гардиданд.
.jpg)
.jpg)
Дар рафти чорабинӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон имкон пайдо намуданд, ки ба саволҳои худ аз ҷониби масъулини мақомоти гумрук посухҳои мушаххас гиранд. Иштирокчиён баргузории чунин чорабиниҳоро барои дастрас намудани иттилооти дақиқу расмӣ ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ карданд.
.jpg)
.jpg)
.jpg)
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо воситаҳои ахбори омма яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иттилоотӣ арзёбӣ намуда, минбаъд низ ҷиҳати таъмини шаффофият, дастрасии ҷомеа ба иттилооти расмӣ ва муаррифии дастовардҳои соҳа чунин чорабиниҳоро идома хоҳад дод.
.jpg)
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


