ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил гардид

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки яке аз куҳантарин ва пуршукӯҳтарин ҷашнҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои он дар фазои идона ва шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид.

 

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иштирокдоронро ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик намуда, оид ба анъанаю суннатҳои деринаи наврӯзӣ ва ҷойгоҳи он дар таҳкими дӯстиву рафоқат, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии халқҳо суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пайванди устувори наслҳо бо арзишҳои асили миллӣ мебошад. Таъкид карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, бо талошу ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҷашн ба мақоми баланди сиёсиву фарҳангӣ расида, ҳамчун омили муҳими таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ муаррифӣ гардидааст.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат Наврӯз ба як падидаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардидани Наврӯз низ далели равшани арзишмандии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Дар идома зикр шуд, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар бо ифтихор эҳсос менамояд, ки Наврӯз ҳамчун нерӯи муттаҳидсозандаи ҷомеа нақши муҳим дошта, мардумро ба созандагиву ободкорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ҳидоят мекунад.

Қайд гардид, ки Наврӯз аз фарорасии фасли баҳор, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва баробаршавии шабу рӯз мужда расонида, рамзи покию зебоӣ ва навшавии зиндагӣ мебошад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардида, 19 феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ гӯшаю хони наврӯзӣ, ки дар саҳни бинои мақомоти гумрук ороста гардида буданд, ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорон аз суфраҳои идона, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла заргарӣ, либосҳои миллӣ ва таомҳои суннатии тоҷикӣ, аз қабили суманак дидан намуданд.

Санъаткорони шинохтаи кишвар бо барномаи рангини консертӣ хотири ҳозиринро болида гардонида, ба чорабинӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд.

Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни Наврӯз миёни кормандони Хадамот мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, шашка, бандкашӣ ва вазнбардорӣ баргузор гардида, ғолибон бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки таҷлили бошукӯҳи Наврӯз нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои бостонӣ буда, барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: