ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Таҷлили Рӯзи Модар дар Хадамоти гумрук

6 марти соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Маҷлисро муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф оғоз бахшида, бонувони хадамоти гумрукро ба муносибати ин санаи фархунда самимона табрик намуда, ба онҳо бурдборӣ, саломатӣ ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти хизматӣ таманно кард.

Зимни суханронии худ номбурда аз нақши арзандаи зан — модар дар ҷомеа ёдовар шуда, таъкид намуд, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, тарбия ва камолоти инсон буда, дар тарбияи насли солиму ватандӯст саҳми беназир мегузорад. Нақши занон дар рушди ҷомеа, хусусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, рӯз аз рӯз афзоиш меёбад.

Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.

Таъкид карда шуд, ки бо дастгирии роҳбарияти давлат шумораи занон дар мақомоти гумрук сол ба сол афзоиш ёфта, имрӯз дар ин сохтор 148 нафар бонувон фаъолият доранд, ки аз онҳо 11 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ифои вазифа мекунанд.

Дар идомаи чорабинӣ як қатор кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ба сухан баромада, оид ба ҷойгоҳ ва манзалати зан — модар дар ҷомеа ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми маҷлис Ҳурматзода Иззатулло Зариф бори дигар ҳамаи бонувони Хадамоти гумрук ва дар симои онҳо тамоми занону модарони кишварро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, хушбахтӣ, саодати зиндагӣ ва комёбиҳои нав таманно кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: