ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт

3 марти соли 2026 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа вобаста ба омӯзиш ва шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

 

Ҷаласаи мазкур дар асоси Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида ва Нақшаи чорабиниҳои дохилидоравии Хадамоти гумрук доир карда шуд.

Ҷамъомадро муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро муайян намуда, барои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ роҳнамо ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи ҷаласа ба меҳмони чорабинӣ — сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатзода — барои шарҳи нуктаҳои асосии Паём сухан дода шуд.

Рамазонӣ Давлатзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлатро муайян менамояд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳуҷҷати муҳим масъалаҳои калидии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Қайд гардид, ки дар Паём ба рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, саноатикунонии босуръат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди мамлакат арзёбӣ шудаанд. Инчунин таъкид гардид, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ҳамчун пояи асосии рушди ҷомеа арзёбӣ гардида, баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон дар бахши сиёсати ҷавонон ва фарҳанг ба нақши ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошад.

Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Инъикоси масъалаҳои хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷанбаҳои иқтисодӣ ва рушди он дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши кибернетика дар сиёсати Пешвои миллат», «Сабабҳои ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» ва «Масъалаҳои технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ» маърӯзаҳо ироа намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва роҳнамои асосии рушди устувори давлатдорӣ хизмат менамояд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: