19 феврали соли 2026 ҳайати Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)-ро Турсунзода Азим Ҳайдар — муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, онҳоро хайрамақдам гуфт ва аз ҷараёни ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ба ҳайати мазкур Такахаши Исао роҳбарӣ мекард.
Дар рафти вохӯрӣ «Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии бор дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар ноҳияи Спитамен — РМГ дар вилояти Суғд дар масири хатсайри байналмилалии Транскаспӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар ин замина ба корҳои тадқиқотии мутахассисони ҷопонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир гардид.
Такахаши Исао аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо изҳори розигӣ ва миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳими ҳамкори Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба ҳисоб меравад ва густариши ҳамкориҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондан муҳим аст.
Гурӯҳи корӣ аз ҷониби JICA масъалаи гузаронидани тадқиқоти муфассал ва такмили лоиҳаи болозикрро бо мақсади рушди инфрасохтори сканеркунии гумрукӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод. Ҳамзамон, ҷониби ҷопонӣ иттилоъ дод, ки баргузории тендер оид ба харид ва таъмини таҷҳизоти сканеркунӣ дар моҳи майи соли 2026 дар назар дошта шудааст ва ба ин муносибат аз Хадамоти гумрук даъват ба амал оварда мешавад, то ду нафар намояндаи расмӣ барои иштирок дар раванди тендер пешниҳод гарданд.
Инчунин, зикр гардид, ки муҳлати истеҳсоли таҷҳизоти мазкур пас аз анҷоми расмиёти тендер тақрибан 11 моҳро дар бар мегирад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳайати Намояндагии JICA бо масъулини Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Маъмурияти СИАЯ ва Раёсати молиявию хоҷагӣ вохӯрии корӣ анҷом дода, вобаста ба масъалаҳои дахлдори соҳа посухҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки гурӯҳи тадқиқотии JICA қаблан ду маротиба — дар моҳи декабри соли 2024 ва моҳи апрели соли 2025 — тадқиқоти саҳроиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додаанд. Дар натиҷаи ин тадқиқот дар Ҷопон корҳои тарҳрезии аввалия ва арзёбии иқтисодии лоиҳа ба анҷом расидааст. Ҳадафи асосии сафари мазкур баррасии «Гузориши тадқиқоти омодасозӣ» бо ҷониби Тоҷикистон ва пешбурди музокироти техникии марбут ба ҷузъиёти лоиҳа мебошад.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки мақомоти гумрук ҳамеша омодаанд бо Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҳамкориҳои мутақобиларо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо Шартнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хидматрасонии машваратӣ барои лоиҳаи «Такмил додани таҷҳизот барои сканеркунии мол дар гумруки Спитамен дар масири байналмилалии нақлиётии Транскаспӣ»-ро ба имзо расониданд. Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷонибҳо муҳим арзёбӣ гардида, барои тавсеа ва тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори омодагӣ карда шуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


