ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории гумрукии хадамоти гумрукии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

16 феврали соли 2026 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти кории муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусамухамедов Надир Камалитдинович баргузор гардид.

Мулоқот бо мақсади татбиқи мувофиқаҳое, ки дар натиҷаи мулоқоти кории 14 феврали соли 2026 ба даст омада буданд, ташкил карда шуд. Аз ҷониби Ӯзбекистон дар чорабинӣ роҳбарони раёсатҳои соҳавии Кумитаи гумрук тавассути видеоконфронс ширкат варзида, муҳокимаи ҳамаҷониба ва касбии масъалаҳои матраҳгардидаро таъмин намуданд.

Мулоқотро муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар ифтитоҳ намуда, хусусияти созанда ва кории музокироти қаблиро таъкид карда, зарурати гузариш ба марҳилаи амалии татбиқи мувофиқаҳои бадастомадаро зикр намуд. Қайд гардид, ки ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати пешбурди муколамаи кушоду самарабахши касбӣ дар сатҳи коршиносон нишон медиҳанд.

Аз ҷониби Ӯзбекистон Мусамухамедов Надир Камалитдинович суханронӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи амалии мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда тасдиқ карда, инчунин зарурати иштироки фаъоли воҳидҳои соҳавиро дар фаъолияти гурӯҳи кории оперативӣ ҷонибдорӣ намуд.

Дар ҷараёни баррасӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд:
• таркиби гурӯҳи кории муштаракро дар сатҳи раёсатҳои соҳавӣ тасдиқ намоянд;

• ҷаласаҳои навбатии гурӯҳи кориро вобаста ба зарурат дар шакли онлайн баргузор кунанд;

• мониторинги мунтазами раванди иҷрои мувофиқаҳоро дар сатҳи муовинони роҳбарони мақомоти гумрукии ду давлат таъмин намоянд; ҳамоҳангсозони ҳамкориро аз ҳар ду ҷониб — сардорони раёсатҳои ҳамкории байналмилалӣ — муайян намуда, барои таъмини муоширати фаврӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти гурӯҳи корӣ ваколатдор созанд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо манфиатдор будани худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва пешгирӣ аз эҷоди монеаҳо дар тиҷорати мутақобила таъкид намуданд.

Изҳори итминон гардид, ки фаъолияти пайгирона ва низомманди воҳидҳои соҳавӣ ба таъмини устувории маъмурияти гумрукӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: