17 феврали соли 2026 намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии Анҷум Исрар – мутахассиси калони бахши давлатӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Вохӯриро Шерализода Хуршед – муовини сардори Хадамоти гумрук ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва таъкид намуд, ки густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Бонки Осиёии Рушд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Хадамоти гумрук ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими марбут ба рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ, такмили низомҳои автоматикунонидашудаи барасмиятдарории гумрукӣ, соддагардонӣ ва тезонидани расмиёти тиҷоратӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, инчунин мутобиқсозии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалиро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ бо мақомоти гумрукии давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади табодули таҷриба, татбиқи таҷрибаҳои пешқадам ва баланд бардоштани иқтидори касбӣ, инчунин устувории инфрасохтори гумрукӣ дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.
Намояндагони Хадамоти гумрук оид ба корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои минбаъда дар самти рақамикунонӣ, такмили расмиёти гумрукӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ иброз доштанд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


