14 феврали соли 2026 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо Муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мусамухамедов Надир Камалитдинович баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи гумрукӣ, аз ҷумла муайян намудани арзиши гумрукӣ, татбиқи меъёрҳои боҷи воридотӣ, истифодаи усули захиравии арзёбӣ, инчунин рушди рақамикунонӣ ва табодули электронии маълумот мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сардори Хадамоти гумрук сатҳи баланди муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъкид намуда, онҳоро бародарона ва стратегӣ арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки усулҳои амалкунандаи арзёбии гумрукӣ нисбат ба ҳамаи молҳо, новобаста аз кишвари истеҳсол, татбиқ гардида, бар зидди ягон тараф равона карда нашудаанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҷорӣ намудани механизмҳои иттилооти пешакӣ ва ҳамкории электронӣ оид ба молҳои транзитӣ, инчунин молҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ интиқол меёбанд, зоҳир гардид. Татбиқи ин тадбирҳо ба соддагардонии расмиёти гумрукӣ, коҳиш додани вақти барасмиятдарорӣ ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуда, ҳамкории электронӣ, табодули маълумот ва ҳамоҳангсозии фаврӣ байни сохторҳои масъул тақвият дода шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мувофиқаҳои бадастомада ба таҳкими муколамаи созанда, боло бурдани сатҳи эътимоди мутақобила ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории гумрукӣ ба манфиати ҳар ду давлат мусоидат хоҳанд кард.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


