22 январи соли 2026 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 34 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук маҷлиси тантанав баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ ҳузур доштанд.
Маҷлиси тантанавиро Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро бахшида ба 34 – умин солгарди таъсисёбии мақомоти гумрук табрику таҳният намуданд. Зимни суханронии худ иброз доштанд, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 34 соли фаъолият, вобаста ба шароити замони муосир дар марҳилаи такмилу таҷдид қарор дорад.
Имрӯз мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ ва иштирокчии як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, мебошад.
Чунин заминаи боэъдимоди ҳуқуқӣ имкон фароҳам меорад, ки мақомоти гумрук дар мамлакат дар ояндаи чун ниҳоди муҳими таҳкимбахши иқтисодиёти кишвар, дар амалӣ гаштани барномаҳои давлатии рушди Тоҷикистон мусоидат хоҳад намояд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба рӯзи гумрук, бо ёдоварӣ аз марҳилаҳои тайшуда ва раванди ташаккури ин сохтори муҳими давлатӣ, зикр гардид, ки фаъолияти назарраси кормандони Мақомоти гумрук барои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат пайваста тадбирҳо меандешад.
Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ дар назди кормандони гумрук низ фаъолияти пурмаҳсулро тақозо мегардад.
Бо дарназардошти саҳми муносиб дар ин самт ва ҷоннок намудани фаъолият, дар чорабинӣ кормандони ин мақомот барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишон “Аълочии мақомоти гумрук” ва “Ифтихорнома”, “Раҳматнома”, рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук ва бо дигар мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Рушди босуръати муносибатҳои иқтисодӣ ва тавсеаи гардиши тиҷорати хориҷӣ миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон истифодаи бемаҳдуди технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, системаҳои нави рақамӣ, инчунин, ҳамоҳангсозӣ ва стандартикунонии расмиёти маъмуриро дар соҳаҳои танзими давлатии тиҷорати хориҷӣ тақозо менамоянд.
Бо дарки ин воқеият, мақомоти гумрук баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иҷрои Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва 2025-2029 истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти касбӣ, пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Амалисозии чорабиниҳо оид ба татбиқи ин Барномаҳо ҳама самтҳои фаъолияти гумрукӣ, аз ҷумла такмил додани қонунгузорӣ, маъмурикунонии гумрукӣ, рушди низоми идораи таваккал, иҷрои вазифаҳои фискалӣ, риояи мамнӯияту маҳдудият, самти ҳифзи ҳуқуқӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, рушди технологияи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, кор бо кадрҳо, такмил додани инфрасохтор, ҳамкории байниидоравӣ ва рушди системаи пешниҳоди хизмати давлатиро ба танзим даровард.
Мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025", дар соли 2025 нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 10 405,3 млн сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби воридоти андоз аз арзиши иловашуда 7917,2 млн сомонӣ, боҷи гумрукӣ 1 287,9 млн сомонӣ, боҷи содиротӣ 160,7 млн сомонӣ, андози аксизӣ 869,3 млн сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти ғайриандозӣ 170,2 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл ба Буҷети давлатӣ 12 720,1 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки ин ба 122,3 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар мебошад.
Дар маҷмуъ, дар соли 2025 аз ҳисоби иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ба Буҷети давлатӣ ба маблағи 2 314,8 млн сомонӣ зиёд ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда дар соли 2024 ба маблағи 2 968,5 млн сомонӣ зиёд ворид гардид.
Омилҳои асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, дар маҷмуъ, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади Буҷети давлатӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати муқаррар намудани меъёрҳои нав ва баланд бардоштани баъзе меъёрҳои амалкунандаи пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми воридот ва содироти мол, инчунин рақамикунонии соҳаи фаъолияти мақомоти гумрук ва дар ин раванд такмил додани низоми маъмурикунонии гумрукӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар маҷмуъ, аз ҳисоби татбиқи амалии меъёрҳои иловатан муқарраршуда 1 500,6 млн сомонӣ маблағҳои иловагӣ ба буҷет ворид гардидаанд.
Ҳамзамон, омили дигари барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, ин дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои дар доираи барномаҳои миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва 2025-2029 пешбинишуда ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ инчунин аз зумраи кормандони дастгоҳи марказии мақомоти гумрук ба сухан баромада, доир ба дастовардҳои соҳа ибрози назар намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


