ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА

19 декабри соли 2025 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Хадамоти гумрук бо Ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА-и Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД), Дмитрий Годунов баргузор гардид.

 

Дар ҷараёни вохӯрӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон намояндагони ЮНКТАД-ро ба муносибати бо муваффақият ҷорӣ гардидани низоми иттилоотии автоматонидашудаи АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар тамоми гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози истифодабарии истеҳсолии он табрик намуда, барои дастгирии техникию машваратӣ, ҳамкории босамар ва саҳми назаррас дар татбиқи лоиҳаи мазкур изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, роҳбарияти Хадамоти гумрук ба фаъолияти муштарак дар самти татбиқи марҳилавии низоми иттиоолтӣ, такмили ихтисоси кормандони мақомоти гумрук ва мусоидат дар мутобиқсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба равандҳои нави гумрукӣ баҳои баланд дод.

Дар навбати худ, Ҳамоҳангсози минтақавии Барномаи АСИКУДА паёми табрикотӣ ва миннатдории Дабири кулли Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушдро ба муносибати ҷорӣ гардидани низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, ба роҳбарияти Хадамоти гумрук барои дастгирии мунтазам, ҳамоҳангсозии муассир ва фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти лоиҳа изҳори қадрдонӣ намуд. Қайд гардид, ки маҳз дар натиҷаи ҳамкории зич ва пайвастаи ҷонибҳо низоми иттилоотии мазкур дар муҳлатҳои муқарраршуда татбиқ ва ҷиҳати истифодабарии истеҳсолӣ роҳандозӣ гардид.

Таъкид гардид, ки татбиқи низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи чоруми Барномаи беҳтарсозии роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4), ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ шуда, ба иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва маъмурикунонии гумрукӣ равона гардидааст. Ислоҳоти мазкур ба автоматикунонӣ ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ, баланд бардоштани шаффофият ва сифати барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини татбиқи якхелаи қонунгузории гумрукӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии ҳисоб ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти рушди минбаъдаи низоми иттилоотии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши имкониятҳои функсионалии он, таъмини фаъолияти устувор ва такмили пайвастаи онро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таъкид намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: