15 декабри соли 2025 ҳайати намояндагони ширкати China Pingmei Shenma Holding Group Co., Ltd. ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмононро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон ба ҳузур пазируфт. Ба ҳайати ҷониби Чин Хуан Чаохуэй — иҷрокунандаи вазифаи директори ширкати мазкур роҳбарӣ намуд.
Зимни мулоқот Каримзода Хуршед Абдураҳмон ташрифи меҳмононро хайрамақдам гуфта, омодагии Хадамоти гумрукро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки ширкати холдингии «Чайна Пингмей Шенма» яке аз гурӯҳҳои бузурги корхонаҳои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, асосан дар соҳаҳои саноати энергетикӣ ва химиявӣ фаъолият мекунад. Қароргоҳи марказии он дар шаҳри Пиндиншан, вилояти Ҳэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгир аст.
Фаъолияти ширкати мазкур истихроҷ ва коркарди ангишт, истеҳсоли маводҳои химиявӣ ва энергетикӣ, тавлиди барқи ангиштӣ, истеҳсоли алюминий ва маводҳои сохтмониро дар бар мегирад.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар самти фаъолияти гумрукӣ, баррасӣ намуда, онҳоро барои рушди муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд. Ҳамчунин марҳилаҳои амалигардонии лоиҳа, муайян намудани вазифаҳои мушаххас ва таҳияи нақшаи муштараки амал мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият ва идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуданд.
Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони Хадамоти гумрук, КВД «Ангишти тоҷик» ва ҳайати ширкати China Pingmei Shenma Holding Group Co., Ltd. иштирок намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


