16 декабри соли 2025 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук кормандон ҷамъ омада, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо намуданд.
Зимни ироаи Паём Роҳбари давлат масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро мавриди таҳлил қарор дода, ба натиҷаҳо ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти кишварро фаъолона пайгирӣ намуда, онро ҳамчун роҳнамои фаъолияти минбаъдаи худ арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо таҳлилу натиҷагирии муваффақиятҳо ва нақшаҳои амалигардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар мамлакат рушди устувор таъмин гардида, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар шудааст.
.jpg)
Зикр гардид, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалисозии стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар соли 2025 ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, фаъолияти босуботи низоми пардохтҳо, махсусан пардохтҳои ба ғанисозии буҷети давлатӣ равонагардида, натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Дар маҷмуъ, бо фарогирии ҳамаи бахшҳо рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлатӣ, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳои мукаммалгардонии низоми миллии молия, андоз ва дигар пардохтҳои давлатӣ идома доранд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар шароити идомаи таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ ва тадбирҳои беҳдоштӣ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2025 ба 8,4 фоиз расида, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 173 миллиард сомонӣ баробар гардид.
Соли 2025 барои Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешрафтҳои назаррас ба даст омада, қисми даромади буҷети давлатӣ бо нишондиҳандаҳои баланд арзёбӣ шуд.
Дар фарҷом, кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамои мукаммали фаъолияти касбӣ пазируфта, ҷиҳати татбиқи ҳадафу барномаҳои рушди иқтисодӣ, таҳкими низоми пардохтии мамлакат ва саҳмгузорӣ дар пешбурди афзалиятҳои миллӣ бо масъулияти баланд фаъолияти худро идома медиҳанд.
.jpg)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


