10 декабри соли 2025 дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷаласа дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва механизмҳои амалишавии он» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод, ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода Шамсуддин Ҳисайн, инчунин ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро Муродиён А.Р. ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки Тоҷикистон дар самти таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки ҳамасола ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад, ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Ӯ зикр намуд, ки аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ тадбирҳои муҳими илмӣ, амалӣ ва қонунгузорӣ роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои онҳо аз ҷониби мутахассисони дохилию хориҷӣ баҳои баланд гирифтаанд.
Зимни ҷаласа ба суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя карда шуд, ки таъкид медоранд: тавассути Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ асосҳои давлатдории демократӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, кафолати адолати судӣ ва баробарии шаҳрвандон дар назди қонун таъмин гардидааст.
Иброҳимзода Шамсуддин Ҳисайн дар мубоҳисаҳо қайд кард, ки ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеаи муосир яке аз омилҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувор ба ҳисоб меравад. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон содиқ мемонад.
Ба гуфтаи ӯ, қабули «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038» қадами муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта, нақшаҳои миллиро дар самти иҷрои тавсияҳои ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг месозад ва механизмҳои амалӣ намудани уҳдадориҳои байналмилалии кишварро такмил медиҳад.
Дар ҷаласа иштирокчиён ҳамчунин доир ба аҳамияти Рӯзи ҳуқуқи инсон, дастовардҳои кишвар дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ баромадҳо намуданд. Зикр карда шуд, ки мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини соҳибистиқлолӣ озодии инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯро муқаддас шуморидаанд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа Муродиён А.Р. изҳор дошт, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳама давраҳо арзиши асосии ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид намуд, ки идеяи озодӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсон решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва дар тамаддуни башарӣ шахсиятҳое буданд, ки ба ин арзишҳо такя мекарданд.
Дар ҳамин замина, Муродиён А.Р. ба андешаҳои Куруши Кабир, яке аз муҳимтарин чеҳраҳои таърихи давлатдории ҷаҳон, ишора карда гуфт: «Куруши Кабир дар Эъломияи машҳури худ таъкид менамуд, ки инсон бояд озод бошад ва ҳуқуқу шарафи ӯ эҳтиром карда шавад. Ҳеч кас набояд аз озодиҳои асосии худ маҳрум гардад, новобаста аз дину мазҳаб, нажод, забон ва миллат.»
Ӯ афзуд, ки ин арзишҳо — озодӣ, адолат, баробарӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон — то имрӯз аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, илҳомбахши рушди ҷомеаҳои муосир мебошанд. Муродиён А.Р. зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ин принсипҳои умумибашарӣ содиқ буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ барои таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани манзалати инсон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим роҳандозӣ кардааст.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


