21 ноябри соли 2025, дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Рамазонӣ Давлатзода, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.
Ҳурматзода Иззатулло Зариф зимни суханронӣ Парчами давлатиро яке аз асоситарин рамзҳои муқаддаси миллӣ номида, таъкид кард, ки эҳтиром ба парчам арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои давлатдории тоҷикон мебошад.
Ӯ иброз дошт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо парафшонӣ менамояд ва ин барои ҳар як шаҳрванди кишвар мояи ифтихору сарфарозист.
Дар идома зикр шуд, ки 24 ноябри соли 1992 Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардида, соли ҷорӣ ба ин рӯйдоди таърихӣ 33 сол пур мешавад. Рӯзи Парчами давлатӣ аз соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад.
Сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рамазонӣ Давлатзода дар суханронӣ таъкид кард, ки Парчами давлатӣ ҳамеша шаҳрвандонро ба ифтихори миллӣ, таҳкими ваҳдат, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ва ободии Ватан раҳнамун месозад. Ба таъкиди ӯ, соҳиби Парчами миллӣ будан рамзи соҳибихтиёрӣ ва ҳастии давлату миллат аст.
Дар чорабинӣ инчунин командони ҷавон ба сухан баромада, зарурати арҷгузорӣ ба ин рамзи муҳими давлатдориро таъкид намуда, Парчами миллиро мазҳари нангу номус, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва Ватану миллат арзёбӣ карданд.
Дар анҷом Муовини сардори Хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ ва ба давлати соҳибистиқлоламон амнияту осоиши ҷовидона орзу намуд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


