ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрӣ бо воридкунандагон, намояндагони Кумитаи андоз ва оператор оид ба пайгирнамоии муомилоти мол вобаста ба иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 ноябри соли 2025 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо воридкунандагон, намояндагони Кумитаи андоз ва намояндагони оператор оид ба пайгирнамоии муомилоти мол баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ раванди иҷроиш ва мушкилоти ҷойдошта дар самти татбиқи муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2023, №263 «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ва Кумитаи андоз, намояндагони ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти рамзгузоришаванда — ҶДММ “Сифат Фарма”, ҶДММ “Муҳаммад А”, ҶДММ “Тибби Муосир”, ҶДММ “Аврупо Фарм”, ҶДММ “Масъуда”, ҶДММ “Ориф Фарм”, ҶДММ “Сабурфарма”, ҶДММ “Раҳмат 2004”, ҶДММ “Осон Фарм” — ва инчунин масъулини мақомоти гумрук аз минтақаҳои гумрукии вилояти Суғд, Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода бо ҳузурӣ ва тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми сардори Хадамоти гумрук Турсунзода А.Ҳ. вохӯриро оғоз намуда, вобаста ба амалигардии қарор ва натиҷаҳои санҷиши гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Прокуратураи генералӣ маълумот пешниҳод намуданд. Ӯ таъкид кард, ки мақсад аз баргузории вохӯрӣ — муайян кардани роҳу воситаҳо барои таъмини иҷрои саривақтӣ ва бемамонияти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муовини раиси Кумитаи андоз Раҳимзода Абдусалом дар суханронии худ иброз доштанд, ки дар асоси моддаи 45 Кодекси андоз ва супоришҳои Ҳукумати кишвар, раванди рамзгузории электронии молҳо давра ба давра нисбат ба гурӯҳҳои муайяни мол татбиқ мегардад.

Зикр гардид, ки гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Прокуратураи генералӣ ҳангоми санҷиши нуқтаҳои фурӯши чакана ҳолатҳои зиёди фурӯши молу маҳсулоти доруворӣ бе рамзгузории электронӣ ошкор намудааст.

Ӯ қайд кард, ки бо дарназардошти тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ҳам барои рамзнагузорӣ накардан, ҳам барои саркаши аз рамзгузорӣ ва ҳам нисбати оператор дар ҳолатҳои такроршавии қонунвайронкуниҳо пешбинӣ шудааст. Бино ба гуфтаи ӯ, то имрӯз ба ширкатҳои фаъол миқдори 1,5 млн сомонӣ ҷарима татбиқ шудааст.

Намояндаи оператор Файзуллозода Файзулло иброз дошт, ки оператор мувофиқи банди 4 қарори мазкур аз ҷониби мақомоти андоз интихоб гардидааст. Ӯ барои ҳамкории мақомоти марбута изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки оператор дорои имконияти таъсиррасонӣ ба коҳиши фурӯши молҳои берамз буда, аммо барои халал нарасонидан ба фаъолияти тиҷорат айни ҳол аз чораҳои сахт худдорӣ менамояд.

Турсунзода А.Ҳ. бо ишора ба хусусиятҳои молҳои доруворӣ қайд намуд, ки мақомоти гумрук бо назардошти зарурати онҳо барои шаҳрвандон наметавонад воридоти онҳоро дар сарҳад манъ намояд. Ӯ таъкид кард, ки мақомоти гумрук барои таъмини даромади буҷет барасмиятдарории гумрукиро сари вақт ва бемамоният анҷом медиҳад.

Сарнозири Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Гулмирзоев Раҷабалӣ иттилоъ дод, ки барои иҷрои қарор гурӯҳи корӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ тасдиқ шудааст. Ҳамчунин ҷаласаҳои кории байниидоравӣ бо ҶДММ “Технология Групп” ва Кумитаи андоз баргузор гардида, масъалаҳои ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии низоми иттилоотии рамзгузорӣ баррасӣ шудаанд.

Бо супориши расмӣ аз 16 июли соли 2024, №Б-006/002-278, мақомоти гумрук вазифадор шудаанд, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ рамзи электронӣ (рамзи датаматрикс) дар сутуни 31 ДГБ ҳатман дарҷ карда шавад.

Бо назардошти ҳамгироии низоми иттилоотии гумруку андоз, мақомоти андоз дастрасии комил ба маълумоти молҳои воридотии рамзгузоришавандаро доранд. Мақомоти гумрук пешниҳод намуданд, ки молҳо баъди барасмиятдарории гумрукӣ таҳти мушоияти гумрукӣ то анбори молқабулкунанда интиқол дода шаванд ва дар он ҷо дар ҳузури дидбонгоҳҳои сайёри андозӣ раванди рамзгузорӣ ва иҷозати фурӯш таъмин гардад.

Намояндагони ширкатҳои воридкунанда, аз ҷумла ҶДММ “Сифат Фарма”, “Муҳаммад А”, “Тибби Муосир” ва “Масъуда” гуфтанд, ки рамзгузорӣ асосан баъди воридоти мол ба Тоҷикистон анҷом дода мешавад, зеро маҳсулоти доруворӣ аз истеҳсолкунандагони гуногун ва бо ҳаҷмҳои мухталиф харидорӣ мегардад. Онҳо таъкид карданд, ки ҳамеша имконияти насби рамз дар хориҷ аз кишвар вуҷуд надорад, зеро бор аксаран тавассути диллерҳо ва ширкатҳои логистикӣ интиқол дода мешавад.

Намояндагони мақомоти гумрук таъкид намуданд, ки бо мақсади пешгирии тамбашавӣ дар гузаргоҳҳо имконияти боздошти тӯлонии нақлиёт вуҷуд надорад. Турсунзода А.Ҳ. зикр намуд, ки мақомоти гумрук ва андоз мутобиқи кодексҳои дахлдор метавонанд минтақаҳои назорати гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои андозиро ташкил намоянд.

Пешниҳод шуд, ки молҳои рамзгузоришаванда пас аз назорати гумрукӣ таҳти мушоияти гумрукӣ ба анбори молқабулкунанда интиқол дода шуда, дар он ҷо дар ҳузури дидбонгоҳҳои сайёри андозӣ назорати рамзгузорӣ таъмин карда шавад. Ин раванд ягона роҳи ҳалли муназзами занҷираи интиқоли мол то фурӯш арзёбӣ гардид.

Дар анҷом Турсунзода А.Ҳ. изҳор дошт, ки мақомоти гумрук барои ҳамкории ҳамаҷониба омода буда, аз Кумитаи андоз даъват намуд, ки масъалаи ташкили дидбонгоҳҳои андозӣ барои назорати молҳои рамзгузоришаванда мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: