ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

“ЭМОМАЛӢ РАҲМОН” — рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд

14 ноябри соли 2025 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

 

Дар ҷамъомад Муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардорони воҳидҳои сохторӣ, ҳайати шахсӣ, ҳамчунин Мираков Қудратулло Мирмуҳаммадович — номзади илмҳои техникӣ, дотсент ва Шомудинов Олимҷон Давлатович — устоди калони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳурматзода Иззатулло Зариф дар суханронии худ таъкид кард, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур мекунанд, ки масъулияти наҷоти давлат ва ояндаи миллатро бар дӯш мегирифта, мардумро аз хатари фурӯпошӣ раҳо месозанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX миллати тоҷик бо буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда буд ва кишвар ба роҳбари дурандешу хирадманд ниёз дошт. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 баргузор гардид, ба гуфтаи мавсуф, ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст.

 

Зикр гардид, ки Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори даврони нав бо нияти пок, ҷасорату матонат ва хизмат ба халқу Ватан ба саҳнаи сиёсат ворид гашта, нақши ҳалкунанда дар расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеа гузоштаанд. Маҳз бо талошҳои пайгирона ва хизматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, сулҳу оромӣ дар кишвар пойдор гардида, заминаи таҳаввулоти васеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шуд.

Иштирокчиёни маҷлис дар идома вобаста ба аҳаммияти идоракунии давлати президентӣ, нақши Президент дар таъмини сулҳу ваҳдат ва рушди минбаъдаи давлатдорӣ изҳори андеша намуданд.

Таъкид карда шуд, ки натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бор овардани сулҳу оштӣ ва таъмини суботи пойдор мебошад. Дар аҳди истиқлол тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа рушд намуда, корҳои ободонӣ, созандагӣ ва татбиқи барномаҳои миллӣ бо маром идома доранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Ҳурматзода Иззатулло Зариф ҳозирин ва дар симои онҳо кулли шаҳрвандони кишварро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки таҷлили ин рӯз нишони арҷгузорӣ, эҳтиром ва садоқати мардуми тоҷик ба Сарвари давлат мебошад.

Вай таъкид намуд, ки сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, то барои таҳкими рукнҳои давлатдории навини миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тамоми неру, донишу таҷриба ва масъулияти касбии худро равона созем.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: