5 ноябри соли 2025, бахшида ба 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад Муовини сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.
Ҳурматзода Иззатулло Зариф иброз дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши муассир дорад.
«Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст, зеро дар ин санади сарнавиштсоз бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, судӣ ва иҷроия таҷзия гардида, эътибори олӣ доштани меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи онҳо кафолат дода шуд, дар асоси он парламенти касбии доимамалкунанда таъсис ёфт»,- афзуд Ҳурматзода Иззатулло.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияро дастоварди бузурги халқи тоҷик ва заминаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ арзёбӣ намудаанд.
Дар ҷамъомад як қатор маърузачиён оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ суханронӣ карданд. Онҳо иброз доштанд, ки Конститутсия бахтномаи миллати тоҷик буда, риояи талаботи он заминаи пешрафти давлат ва хушбахтии ҷомеа мебошад.
Дар анҷоми ҷаласа Ҳурматзода Иззатулло ҳамаи кормандони мақомоти гумрукро ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид намуд, ки ин санади муқаддас барои таҳкими сулҳу субот, рушди ҷомеаи адолатпарвар ва ҳаёти осоишта замина мегузорад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


