3 сентябри соли 2025 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
.png)
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти гумрук, инчунин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ва ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева иштирок намуданд.
.png)
Дар оғози маҷлис Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ворид намудани Парчами давлатиро ба маҷлисгоҳ амр намуда, пас аз садо додани Суруди миллӣ маҷлиси тантанавиро бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода эълон кард.
Хуршед Каримзода ҳозиринро бо ин ҷашни пуршукӯҳи миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт:
.png)
“Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои миллату пойдории давлат мебошанд.
.png)
Бо гузашти сӣу чор сол мо амиқан дарк кардем, ки Истиқлолият яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷик буда, бо ҷонфидоӣ ва аз худгузаштагии Роҳбари давлат ба даст омадааст, ки имрӯз ҳифзи ин арзиши муқаддаси миллӣ вазифаи ҳар як тоҷики худогоҳу худшинос аст.
.png)
Бо назардошти ин, сиёсатмадорони бузурги олам ва коршиносони низоъҳои байналмилалӣ Пешвои миллати моро ҳамчун «Меъмори сулҳ» эътироф кардаанд.
.png)
Таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии кишвар, ки аҳамияти бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ доранд, дар сархати барномаҳои ҳукуматӣ қарор гирифтанд ва имрӯз самараҳои неки онҳоро бо чашми худ мебинем.
.png)
Ба таъбири дигар, Истиқлолият, ки сарҷамъӣ ва муттаҳидии миллати моро таъмин намуд, ба фазои орому амн, рушди бесобиқаи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва бунёди иншооти бузурги ҳаётан муҳим замина гузошт.
.png)
Бисёр муҳим аст, ки мо қадру қимати Ватани азизи худ — Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоламонро донем ва фаромӯш насозем, ки танҳо бо доштани давлати мустақил дар ҷомеаи башарӣ мавқеи сазовор дошта метавонем.”
.png)
Сипас, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлоли давлатӣ барои ҳар давлату миллат арзишманду муқаддас буда, бузургтарин дастовард ва нишонаи худшиносии миллӣ ва ватандӯстист.
.png)
Тоҷикистони соҳибистиқлол кишвари сулҳхоҳ аст ва моро зарур аст, ки баҳри ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ҳамеша омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори хеле душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимоя ва таҳкими он кори боз ҳам мушкилтар аст.
.png)
Таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳифзи якпорчагии он аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад.
.png)
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ, иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, меҳмони даъватӣ ва ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева вобаста ба аҳамияти ин ҷаласаи таърихӣ ва нақши он дар ба эътидол овардани вазъияти ҳассоси ҳамон давра, суханронӣ намуда, ба заҳматҳои нотакрору беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳи комил ва пойдории давлат ишора намуданд:
.png)
“Тоҷикистон бо сиёсати сулҳҷӯёна ва созанда, ҷонбозиҳо, заҳматҳои басо сангин ва азму талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар тӯли 34 сол дар тамоми соҳаҳо ва дар сатҳи байналмилалӣ обрӯ ва эътибори баланд касб кардааст. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфуз ва эҳтироми хоса мебошад,” — афзуд Мусоева.
.png)
Баъдан, дар маросим муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як нафар корманди Хадамоти гумрукро бо мукофоти давлатӣ — медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки кормандони мақомоти гумрук минбаъд низ дониш, малака ва нерӯи зеҳнии худро ба рушди Ватани азизамон равона месозанд.
.png)
Ёдовар мешавем, ки 28 августи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ 6 нафар кормандони Хадамоти гумрукро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардониданд.
Ин қадрдонӣ нишони эътирофи хизматҳои шоистаи онҳо дар пешбурди фаъолияти гумрукӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар мебошад.
.png)
Дар ин рӯз, натиҷаи фаъолияти ҳаррӯзаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, роҳбарон ва кормандони фаъол бо нишони сарисинагӣ қадрдонӣ шуданд.
.png)
Сипас, тибқи фармоиши Хадамоти гумрук, як қатор кормандон барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, натиҷаҳои баланд дар фаъолият ва ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, бо нишони сарисинагии “Аълочии хадамоти гумрук”, медали ҷашнии “30-солагии мақомоти гумрук”, рутбаҳои махсуси навбатӣ, Ифтихорнома, Раҳматнома, туҳфаҳои ҷашнӣ ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
.png)
Дар интиҳо, Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Х.А. бори дигар аҳли нишастро бо ҷашни бузурги миллӣ муборакбод намуда, даъват ба амал овард, ки ҳамеша баҳри ободӣ ва сарсабзии Ватани худ талош варзанд, зеро танҳо ба ин васила истиқлол, осоиштагӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар таъмин мегардад.
.png)
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


