ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Семинар-машварат оид ба Кодекси андоз дар Хадамоти гумрук баргузор шуд

Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бо иштироки намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук баргузор гардид.

 

Ҷамъомад таҳти унвони «Муқаррароти Кодекси андоз, рақамикунонии соҳа ва татбиқи хизматрасониҳои давлатӣ» баргузор шуда, онро сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин ифтитоҳ намуд. Сипас, Вазирзода Собир — сардори Раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андоз, оид ба сиёсати ислоҳоти қонунгузории андоз ва рақамикунонии хизматрасониҳо маърӯза кард.

Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ аз ҷониби Кумитаи андоз корҳои назаррас анҷом дода шуда, барои соддагардонии равандҳои андозбандӣ иқдомҳои нав амалӣ мешаванд.

Дар қисмати саволу ҷавоб иштирокчиён масъалаҳои марбут ба татбиқи Кодекси андоз ва такмили қонунгузорӣ дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар семинар инчунин Умаров Ҳабибулло — сармутахассиси Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва Ахмедов Равшанҷон — мутахассиси пешбари Раёсати такмили қонунгузории андоз ширкат варзиданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: