8 августи соли 2025 ҳайати Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) таҳти роҳбарии Негиши Саичи бо Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Шерализода Хуршед мулоқот анҷом дод. Дар оғози вохӯрӣ Шерализода Хуршед меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз сатҳи ҳамкориҳои судманд байни ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи амалисозии “Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки дар масири Хатсайри байналмилалии транскаспӣ ҷойгир аст, баррасӣ гардид. Ба раванди таҳқиқотии мутахассисони ҷопонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Негиши Саичи аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои муҳим барои JICA дар минтақа ба ҳисоб меравад ва таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ муҳим мебошад.
Гурӯҳи кории JICA масъалаи таҳияи тадқиқоти муфассал ва такмили лоиҳаи мазкурро бо ҳадафи таҳкими инфрасохтори сканкунии гумрукӣ мавриди муҳокима қарор дод. Зикр шуд, ки ҳайати JICA ҳамчунин бо намояндагони воҳидҳои марбутаи Хадамоти гумрук, аз ҷумла Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, Маъмурияти СИАЯ, Раёсати молиявию хоҷагӣ ва Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит вохӯриҳои алоҳида анҷом дода, ҷавобҳои мушаххас ба саволҳои худ дар мавриди самтҳои дахлдор гирифтанд.
Намояндагони ҷопонӣ инчунин аз Маркази коркарди маълумоти Хадамоти гумрук боздид ба амал оварда, бо фаъолияти марказ шинос гардиданд. Дар ин замина, сардори Маъмурияти СИАЯ ба ҳайати меҳмонон маълумоти муфассал дар бораи фаъолияти низомҳои мавҷуда пешниҳод намуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо Протоколи ҷаласа оид ба гузаронидани тадқиқоти омодасозӣ барои лоиҳаи такмили таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар гумруки Спитамен-ро, ки дар хатсайри байналмилалии Транскаспӣ ҷойгир аст, ба имзо расониданд. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳор доштанд.
Дар мулоқот инчунин масъулони дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


