ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии Рушд

15 июли соли 2025 — Дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии ҷаноби Дэвид Фэй баргузор гардид.

 

Ҷаласаро Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук оғоз бахшида, ҳайати меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва аҳаммияти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро таъкид намуд.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори гумрукӣ, аз ҷумла, муосирсозӣ ва тақвияти иқтидори гузаргоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-ро, ки дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҷойгир аст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки гузаргоҳи мазкур дорои аҳамияти калидӣ дар рушди ҳамкориҳои иқтисодии минтақа мебошад ва ниёз ба таҷҳизоти муосири техникӣ, низомҳои иттилоотии рақамӣ ва афзоиши иқтидори хизматрасонӣ дорад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029 муаррифӣ ва муҳокима гардид. Ҷонибҳо ба панҷ самти асосии стратегияи мазкур таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Намояндаи Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Тирел Дункан омодагии БОР-ро ҷиҳати баррасии имкониятҳои маблағгузории лоиҳаҳои пешниҳодшуда изҳор дошт.

Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дақиқсозии маълумоти техникии лоиҳа, ҳамоҳангсозии амалҳои минбаъда дар доираи ташаббусҳои пешниҳодшуда, инчунин баррасии муфассали масъалаҳои гумрукӣ дар доираи Стратегияи миллии рушди соҳаи нақлиёт то соли 2040 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо натиҷаи мулоқотро судманд арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо мақсади таҳияи ҷузъиёти зарурии лоиҳаҳо ва татбиқи ташаббусҳои пешниҳодшуда иброз доштанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: