ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук вохӯрии намояндагони Кумитаи дин ва гумрукчиён баргузор шуд

25 июни соли 2025 дар асоси Нақшаи кори Комиссияи ҷамъиятии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим, дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук вохӯрии намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гумрукчиён баргузор гардид.

 

Ҷамъомадро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук Абдумумин Муродиён ифтитоҳ намуда, суханро ба меҳмони чорабинӣ — сармутахассиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, Муслиҳиддин Хоҷамирзода вогузошт.

Дар рафти вохӯрӣ моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» шарҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи аслии ин қонунҳо ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, инчунин аз байн бурдани хурофот ва амалҳои номуносиб мебошад.

Муслиҳиддин Хоҷамирзода оид ба меъёрҳои асосии қонунгузорӣ низ маълумот дода, зикр кард, ки тибқи моддаи 12 тӯйи домодию арӯсӣ метавонад бо баргузории на бештар аз ду маърака ва дар давоми ду рӯз анҷом дода шавад. Зиёфат барои то 150 нафар ва оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб иҷозат дода мешавад. Тибқи моддаи 14, маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон баргузор гардида, маросимҳои се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом, инчунин ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист ва шашмоҳагӣ манъ мебошанд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва гумрукчиён саволу ҷавоб баргузор гардида, оид ба татбиқи самараноки меъёрҳои қонунгузории ҷорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ пешниҳодҳои муфид иброз карда шуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: