Бо мақсади иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ ва дар ин робита мусоидат намудан ба раванди табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, шурӯъ аз моҳи июни соли ҷорӣ зернизоми Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёти низоми иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “АСИКУДА-и ҷаҳонӣ” дар фаъолияти амалии ҳамаи дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ роҳандозӣ карда шуд.
Бо роҳандозӣ гардидани зернизоми мазкур воситаҳои нақлиёти хориҷӣ ва қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарҳади давлатиро убур менамоянд, дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук ба таври электронӣ сабт шуда, маблағҳои хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти хориҷӣ тавассути ҳудуди Тоҷикистон ба таври худкор ҳисоб гардида, пардохти ғайринақдии маблағҳои мазкур то иҷозат додан ба вуруду хуруҷи восиатҳои нақлиёт ба таври самаранок таъмин карда мешавад. Ин раванд бо мақсади такмили назорати гумрукӣ, суръатбахшӣ ба барасмиятдарории гумрукӣ, таъмини шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои давлатӣ, равона гардидааст.
Ҷорӣ намудани зернизоми муосири Декларатсияи вуруд ва хуруҷи воситаҳои нақлиёт дар фаъолияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳилаи муҳим дар самти рақамикунонии раванди гумрукӣ, таҳкими назорати гумрукӣ ва густариши ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон