ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Турсунзода Азим Ҳайдар ва коршиноси байналмилалӣ дар масъалаи институти танзимгари ваколатдори иқтисодӣ

Санаи 10 июни соли равон дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҷамъбастӣ бо иштироки муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук - Турсунзода Азим Ҳайдар ва коршиноси байналмилалӣ дар масъалаи институти танзимгари ваколатдори иқтисодӣ – Ричард Чопра баргузор гардид.

 

Ёдовар бояд шуд, бо мақсади иҷрои талаботи Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба содагардонии расмиёти савдо, дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2020, №1678 ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаҳо ворид гардида, боби нав 81 оид ба ҷорӣ намудани консепсияи «Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ» (Иштирокчии боэътимоди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ) илова карда шудааст.

Боби мазкур мафҳуми "Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ", шартҳои додани мақоми "Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ" ба шахси ҳуқуқӣ, дохил намудани он ба Феҳрист, додани шаҳодатнома, бозхондани он, содагардонии махсуси ба "Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ" пешниҳодшаванда ва дигар масъалаҳо марбут ба танзимгари ваколатдори иқтисодиро дар бар мегирад.

Мутобиқи меъёри мазкур дар ҷумҳурӣ гурӯҳи шахсони ҳуқуқии ватанӣ ташкил мешавад, ки тибқи қонунҳои амалкунанда фаъолият намуда, расмиёти содагардонидашудаи махсуси барасмиятдарории гумрукиро истифода мебаранд ва ба “руйхати сафед” ворид карда мешаванд. Иштирокчиёни боэътимоди бозор, ки мақоми “Танзимгари ваколатдори иқтисодӣ”-ро мегиранд, дар рафти барасмиятдарории гумрукӣ аз содагардонии махсуси зерин бархурдор мегарданд: дар навбати аввал анҷом додани амалиёти гумрукӣ вобаста ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт; дар навбати аввал гузаронидани назорати гумрукӣ дар шакли азназаргузаронии гумрукӣ ё муоинаи гумрукӣ; нигаҳдории муваққатии мол дар биноҳо, майдончаҳои кушода ва дигар ҳудудҳои худ; иҷозати мол то пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ; анҷом додани амалиёти гумрукӣ марбут ба иҷозати мол дар биноҳо, майдончаҳои кушода ва дигар ҳудудҳои худ; пешниҳод накардани таъмини иҷрои уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти расмиёти гумрукии транзити дохилии гумрукӣ ва ҳангоми иҷозати моле, ки нисбати он дорандаи мақом ҳамчун декларант баромад мекунад.

Дар вохӯрӣ роҳҳои ҷалби иштирокчиёни ФИХ ба институти мазкур, таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар ин самт ва тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки 21 ноябри соли 2023 дар ш. Москва дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия созишнома дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ ба имзо расид.

Дар ин асно, изҳори омодагии мақомоти гумрук ҷиҳати бастани чунин шартномаҳо бо дигар кишварҳо дар ин вохурӣ қайд гардид.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: