30 майи соли 2025 дар толори дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа сардорони воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аҳли тиҷорат ва роҳбарони ширкатҳои брокерӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро Раиси Шӯро – Сардори Хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон ифтитоҳ намуда, регламенти ҷаласаро тасдиқ ва мақсадҳои асосии баргузории онро шарҳ дод. Зикр гардид, ки Шӯро дар асоси банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳадафи он таҳкими ҳамкории мутақобила байни мақомоти гумрук ва субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ мебошад.
Раиси Шӯро дар сухани ифтитоҳии худ таъкид дошт, ки татбиқи сиёсати гумрукӣ ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими содирот ва воридот, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ равона карда шудааст.
Дар идомаи ҷаласа, муовини аввали Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон дар мавзӯи "Ҳамкории Кумитаи андоз бо Хадамоти гумрук: мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти якҷояи мақомотҳо" баромад намуда, масъалаи фаъолияти ширкатҳои ба истилоҳ “якрӯза”-ро ҳамчун чолиши ҷиддӣ барои низоми андоз ва шаффофияти фаъолияти гумрукӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Солеҳзода А. зикр намуд, ки мавҷудияти чунин ширкатҳо боиси пинҳон шудани шахсони воқеии манфиатдор ва сӯиистифода дар расмиёти гумрукӣ мегардад. Ӯ ҳамчунин ба аҳамияти мубодилаи иттилоот байни мақомот дар шакли “онлайн” ва таҳкими назорати байниидоравӣ ишора намуд.
Сипас, директори Ассотсиатсияи брокерони гумрукӣ Маҳмудова Фируза оид ба беҳсозии фаъолияти ширкатҳои брокерӣ, рафъи мушкилоти ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси мутахассисони соҳа суханронӣ кард. Мавсуф пешниҳодҳоеро оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҳамоҳангии бештари ширкатҳо бо мақомоти гумрук ироа намуд.
Пас аз баромадҳо, иштирокчиёни ҷаласа андешаҳо ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Раиси Шӯро ҳамаи пешниҳодҳоро қобили таваҷҷуҳ арзёбӣ намуда, дастур дод, ки онҳо дар ҷаласаҳои минбаъда баррасӣ ва таҳлил шаванд.
Дар фарҷом, Раиси Шӯро аз ҳамкории созанда бо намояндагони вазорату идораҳо, аҳли тиҷорат ва дигар иштирокчиён изҳори миннатдорӣ карда, изҳори умедворӣ намуд, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ тақвият хоҳад ёфт.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон