15 майи соли 2025 дар дастгоҳи марказии мақомоти гумрук мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Хуршед Абдураҳмон, бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, ки таҳти роҳбарии Абдул Хамид Халили - коршиноси нақлиёт ва роҳбари гурӯҳи лоиҳа қарор дошт, баргузор гардид.
Мулоқот дар доираи миссияе, ки барои дастгирии амали сохтани лоиҳаи марҳалаи чоруми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои минтақавии пайвастшавӣ дар Осиёи Марказӣ (Лоиҳаи БРАМОМ-4) ташкил шуда буд, гузаронда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳолати кунунии лоиҳаро муҳокима карданд, ки дар он пешрафти қаноатбахш дар амали намудани лоиҳа таъриф шуд, ва инчунин, роҳҳои асосии ҳамкории минбаъда ва қадамҳои муфид барои пешбурди самараноки ташаббус баррасӣ гардиданд.
Ба нишони сипос барои кӯмак ва саҳмгузорӣ дар амалисозии лоиҳа, Сардори Хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдурахмон ба Абдул Хамид Халили нишони сарисинагӣ "Барои таҳкими ҳамкории гумрукӣ" тақдим кард.
Хадамоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарикӣ ва дастгирии созанда, ки барои рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ равона шудааст, аз Бонки Ҷаҳонӣ изҳори миннатдорӣ мекунад.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон