Санаи 12 майи соли 2025 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муқаддимотӣ оид ба ифтитоҳи Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Марҳилаи 4-уми Барномаи беҳтар намудани роҳҳои минтақавии пайвастшавӣ дар Осиёи Марказӣ (Лоиҳаи БРАМОМ-4) баргузор гардид. Дар чорабинӣ Муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ҳамоҳангсоз ва кормандони лоиҳаи БРАМОМ-4, инчунин ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Абдул Ҳамид Халилӣ - мутахассиси нақлиёт ва роҳбари намояндагӣ, бо ҳамроҳии сармутахасcис оид ба масъалаҳои тиҷоратӣ ҷаноби Сатя Прасад Саху иштирок намуданд.
Ҳадафи ин намояндагӣ мусоидат ба татбиқи самараноки лоиҳа, таъмини рушди устувори инфрасохторҳои нақлиётӣ ва беҳтар намудани робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ҳадафи асосии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолати ҷории татбиқи ҷузъҳои барномавии Лоиҳаи БРАМОМ-4 мебошанд, ки иборатанд аз:
• баррасии раванди умумии татбиқи ҷузъҳои Лоиҳа;
• шиносоӣ бо вазъи идоракунии молиявӣ ва пардохтҳо;
• шиносоӣ бо вазъи бастаҳои харид;
• муҳокимаи мониторинг ва баҳодиҳӣ ба нишондиҳандаҳои ҷадвали натиҷаҳо;
• таҳия ва мувофиқаи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати тезонидани раванди татбиқи лоиҳа.
Дар доираи намояндагии мазкур масъалаҳои ҷорӣ дар самтҳои асосии фаъолияти Қисмати 3-юми Муосирсозии платформаи ТИК-и гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ дар Хадамоти гумрук, таҷдиди таҷҳизоти техникӣ барои назорати сарҳадӣ барои интиқоли борҳо ва мусофирон, инчунин натиҷаҳои бадастомада аз фаъолияти қаблии намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ, ки моҳи ноябри соли 2024 гузаронида шуда буд, баррасӣ шуданд.
Пас аз анҷоми фаъолияти навбатии намояндагӣ ҷонибҳо барои ҳамкориҳои судманд ва дастгирии ҳамаҷониба аз татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онҳо ба комёб шудан ба ҳадафҳои рушди устувор нигаронида шудаанд, изҳори сипос намуданд.
Намояндагӣ кори худро то 23 майи соли ҷорӣ идома медиҳад ва ҳамагуна хулосаҳои муфассали намояндагӣ, инчунин иқдомҳои минбаъда дар Ёддоштҳои тафоҳум пешниҳод карда мешаванд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон