ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд

ДУШАНБЕ, 28 апрели 2025 — Дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд  баргузор гардид.

\

 

Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо дар самти рушди инфрасохтори гумрукӣ, ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои нав ва таҳкими иқтидорҳои институтсионалии мақомоти гумрукро мавриди баррасӣ қарор доданд. Турсунзода Азим Ҳайдар, зимни суханронии худ, Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони калидии рушди Тоҷикистон номид ва саҳми арзандаи ин ниҳоди молиявиро дар раванди муосиргардонии соҳаи гумрук таъкид кард.

Ҳамзамон, аз ҷониби Хадамоти гумрук ба ҳайати Бонки Осиёии Рушд тавассути рӯнамо маълумоти муфассал оид ба самтҳои афзалиятноки рушди гумрук, имкониятҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаҳои стратегӣ пешниҳод гардид.

Ҷаноби Чэн Чэн — директори Дафтари соҳаи нақлиёт, Департаменти соҳаҳои 1 (SD-TRA), барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии Бонки Осиёии Рушдро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии лоиҳаҳои навбатии рушди гумрук иброз дошт.

Дар идомаи сафари худ, намояндагони Бонки Осиёии Рушд аз “Маркази коркарди маълумот”-и Хадамоти гумрук боздид ба амал оварда, бо фаъолияти техникии он аз наздик шинос шуданд. Роҳбари ҳайат, бо вуҷуди мураккабии татбиқи низоми иттилоотӣ, фаъолияти марказро мусбат арзёбӣ намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ, Муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук аз ҳамкориҳои мавҷуда ва сармоягузориҳои Бонки Осиёии Рушд изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии ниҳоди масъулро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи босамари лоиҳаҳои оянда таъкид кард.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: