ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндагони Хадамоти гумрук бо ҳайати Агентии JICA

15 апрели соли 2025 сардори Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Ҷовиддон Аминҷонович ҳайати Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA)-ро таҳти роҳбарии Такахаси Исао ба ҳузур пазируфт.

 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи марбут ба “Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар ноҳияи Спитамен”-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳқиқоти техникӣ ва ҷойгиркунии таҷҳизоти муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки таҷҳизоти нав имкон медиҳад муоинаи гумрукӣ бо сифати баланд анҷом ёбад. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои радиатсия, масофаи насб ва суръати ҳаракати қатораҳоро баррасӣ намуда, мувофиқаҳои зарурӣ ба даст оварданд.

Дар анҷом, омодагӣ барои идомаи ҳамкориҳо ва амалӣ намудани лоиҳа дар муҳлатҳои муайяншуда изҳор гардид. Намояндагони ҷопонӣ фардо корҳои таҳқиқотиро дар ноҳияи Спитамен идома медиҳанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: