ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Наврӯзи оламафрӯзро дар Хадамоти гумрук ботантана таҷлил намуданд

Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, ба ҷашни баробаршавии шабу рӯз ва инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи Замин табдил ёфтааст. Ин ҷашни аҷдодии мо шукуҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату Замин, пайдо намудани нерӯи тоза ва ободкорию накӯкориро таҷассум намудааст. Бинобар ин, ҳеҷ гуна боду газанди рӯзгор ва зарбаҳои таърихӣ натавонистаанд Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси онро аз байн баранд. Ин матлаб зимни тантанаҳои наврӯзӣ дар Хадамоти гумрук баён гардид.

 

Бахшида ба ин санаи муборак — Ҷашни байналмилалии Наврӯз, 24 марти соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд.

Чорабиниро Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон оғоз намуда, ҳозиринро бо фарорасии иди Наврӯз — иди аҷдодӣ, баробаршавии шабу рӯз ва эҳёи табиат шодбош гуфта, таманниётҳои неки худро ба кормандони мақомоти гумрук ва дар симои онҳо ба аҳли оила ва пайвандонашон иброз намуд.

 

Наврӯз таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ривояту ҳикоятҳо дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн зиёданд. Ин ҷашни бостонӣ, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, на танҳо таърихи бой, балки маънию фалсафа, ҳикмати зиёд ва арзиши гаронбаҳои илмӣ дорад.

«Мо бояд оинҳои неки ин ҷашни бостонии миллатамонро пос дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем. Барои кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, бахусус Тоҷикистон, боиси фараҳмандист, ки ин ҷашни аҷдодӣ маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият шомил карда шуд. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва дастгирии давлатҳои дӯсту бародар буд», — изҳор шуд дар чорабинӣ.

«Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагию ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд», — афзуд Хуршед Абдураҳмон.

Дар чорабинӣ, бахшида ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай, бо ибтикори роҳбарият ва кормандони Хадамот гӯшаи наврӯзӣ ташкил карда шуд. Дар он осори ҳунарҳои мардумии тоҷикон, асбобу ускунаҳои чӯбин, бардевориҳои зардӯзиву гулдӯзӣ, қуроқӣ, кафшу пероҳанҳои қадимаи тоҷикӣ ва дигар ашёе, ки аз ҳунармандии мардуми куҳанбунёдамон шаҳодат медиҳанд, аз ҷониби кормандони Хадамот ҷамъоварӣ гардида, ба мазраи тамошо гузошта шуданд.

Бояд қайд кард, ки оростани хони «ҳафт син» ва «ҳафт шин» яке аз анъанаҳои наврӯзӣ ба шумор рафта, ташкили ин гӯша аз ҳунармандиҳои бонувони хадамот шаҳодат дода, ба чорабинӣ ҳусни тоза зам намуд.

Эҳёи суннат ва оинҳои наврӯзӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун паёми мардуми куҳанбунёди тоҷик ва сокинони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба оламиён мақоми байналмилалӣ гирифтааст.

Ҳадафи баргузории гӯшаи мазкур ёдоварӣ аз ҳунармандиву ихтисосмандии мардуми диёрамон, зинда гардонидани осори гаронбаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва рӯ овардан ба расму анъанаҳои ниёгон мебошад.

Ҳамчунин, бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, шашка, бандкашӣ ва вазнбардорӣ байни кормандони Хадамот баргузор гардиданд. Даври ниҳоии ин мусобиқаҳо рӯзи 24 март дар чорабинии наврӯзӣ доир гардида, ғолибон муайян ва бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сардори Хадамоти гумрук сарфароз гардонида шуданд.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ кормандони мақомоти гумрук оид ба арзишҳои фарҳангӣ, суннату анъанаҳои неки Наврӯз ва нақши он дар таҳкими дӯстию ҳамдилии мардумон ибрози назар намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки ҷашни Наврӯз дорои ҳикмати бузургу фалсафаи зиндагӣ ва сарнавишти мардуми мост, ки ҳастии моро тақвият бахшида, ҳамеша некиву саодатмандӣ ва барору муваффақият меорад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: