12 марти соли 2025 роҳбари ширкати фаронсавии IKA TECHNOLOGY, ҷаноби Александр Реина, ба Хадамоти гумрук ташриф овард. Дар оғози мулоқот сардори Маъмурияти СИАЯ, Султонов Қурбонмурод, меҳмононро хайрамақдам гуфта, аҳамияти ҳамкорӣ бо IKA TECHNOLOGY-ро барои рушди гумруки рақамӣ таъкид намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷаноби Реина лоиҳаи "Smart Customs"-ро муаррифӣ карда, имкониятҳои он барои рақамикунонии идоракунии гумрукро шарҳ дод. Ҳадафи асосии ин лоиҳа соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва баланд бардоштани самаранокии равандҳои марбут ба тиҷорати хориҷӣ мебошад.
Самтҳои муҳими баррасишуда
- Маҳсулоти IKA TECHNOLOGY ва таҷрибаи байналмилалӣ
• 15 сол таҷриба дар соҳаи ҳалли рақамии идоракунии молияи давлатӣ. • Истифодаи Open Source ва API Web барои мутобиқсозии инфрасохторҳои гуногун.
• Таҷрибаи татбиқи ҳалли рақамӣ дар 8 давлати Африқо ва дигар кишварҳо.
- Системаи "Smart Customs" ва имкониятҳои он
• Фазои eCustoms барои рақамикунонии равандҳои гумрукӣ.
• Табодули электронии ҳуҷҷатҳо (манифестҳо, эъломияҳо, иҷозатномаҳо) барои кам кардани истифодаи коғаз ва баланд бардоштани самаранокӣ.
• Татбиқи равзанаи ягона барои ҳамкорӣ бо бонкҳо, агентҳои гумрукӣ ва дигар сохторҳои марбута.
• Механизми Smart Payment барои пардохти боҷҳо ва андозҳо бо назорати вақти воқеӣ.
- Имкониятҳои татбиқ дар Тоҷикистон
• Мутобиқсозии Smart Customs ба қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
• Пайвастшавӣ бо Маркази барасмиятдарории тези гумрукӣ (МБТГ) ва Системаи мухтори барасмиятдарории гумрукии нақлиёт (SYDAM Auto).
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо мувофиқа намуданд, ки пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи имкониятҳо, вохӯрии навбатӣ барои баррасии марҳилаи татбиқи лоиҳа баргузор мегардад. Ҳарду ҷониб аҳамияти рушди гумруки рақамиро таъкид намуда, барои ҳамкории минбаъда ибрози омодагӣ карданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон