ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Хадамоти гумрук Рӯзи Модар таҷлил гардид

7 марти соли 2025 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарият ва ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук ширкат варзида, бо ибрози эҳтиром ва қадрдонӣ нисбат ба бонувони ин ниҳод, ин санаи фархундаро ҷашн гирифтанд.

 

Сардори Хадамоти гумрук, генерал-полковники хадамоти гумрук, Каримзода Хуршед Абдураҳмон ҳозиринро бо ин рӯзи муборак табрик намуда, нақши модарону бонувонро дар рушди ҷомеа, хусусан дар ҳифзи сарҳад ва фаъолияти гумрукӣ таъкид кард. Ӯ изҳор дошт, ки модар - такягоҳи асосии ҷомеа ва сарчашмаи муҳаббат, маърифат ва тарбия буда, дар ташаккули наслҳои оянда нақши калидӣ дорад.

Зикр гардид, ки ҷашни Рӯзи Модар ҳамасола бо эҳтироми хосса таҷлил мегардад, зеро занон дар тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла илму маориф, тиб, мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ, саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид намудаанд, ки "Модар гаҳвора ва оламро ба ҳам мепайвандад" ва нақши ӯ дар рушди ҷомеа беназир аст.

Дар чорабинӣ баромадкунандагон оид ба саҳми занон дар ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамзамон қайд карданд, ки Ҳукумати кишвар бо қабули санадҳои ҳуқуқӣ ва ташаббусҳои гуногун барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои заруриро меандешад.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ, Каримзода Хуршед Абдураҳмон бонувони Хадамоти гумрук ва дар симои онҳо ҳамаи модарону бонувони кишварро бо ин рӯзи фараҳбахш самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳо таманно намуд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: