ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии бо намояндагони Ҷамъияти Олмонии Ҳамкориҳои Байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

25 феврали соли 2025 Роҳбари лоиҳаи содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ, Юдит Бланк, ба Хадамоти Гумрук ташриф оварданд. Зимни вохӯрӣ сухани ифтитоҳиро сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ, Ёрмаҳмадзода Комёр Ёрмаҳмад, ҳусни оғоз бахшид ва ташрифи намояндагони Ҷамъияти Олмонии Ҳамкориҳои Байналмилалиро ба Хадамоти Гумрук хайрамақдам намуд.

 

Дар рафти вохӯрӣ, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба таҳким ва ҳамкориҳои самаранок ва мутақобилан судманди ҷонибҳо ва қадамҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи нақшаи кори соли 2025 “Содагардонии равандҳои савдо дар Осиёи Марказӣ” баррасӣ намуданд. Дар мулоқоти мазкур, ҷонибҳо масъалаҳои муайян кардани нишондиҳандаҳои асосии фаъолият, ҷалби мутахассиси хориҷӣ барои гузаронидани тренингҳо ва машваратҳо барои мақомоти гумрук, ташкили сафари омӯзишӣ барои хадамоти гумрукии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо мақсади омӯзиши таҷрибаи барасмиятдарории гумрукии боркашониҳои тезрас дар марказҳои логистикии ширкатҳои пешсафи боркашонӣ (масалан, DHL, UPS ва ғайра), ташкили ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба eTIR дар доираи ҳамоиши гурӯҳи кории ҳамкории минтақавӣ, муҳокимаи имконияти оғози лоиҳаи eTIR байни Тоҷикистон, Узбекистон ва ташкили вебинари онлайнӣ барои табодули иттилоот оид ба Нақшаи амалии Созмони Умумиҷаҳонии Гумрук (WCO) дар доираи "Гумруки сабз", ва ташкили гурӯҳи кории минтақавии коршиносон барои омӯзиш ва татбиқи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи рақамисозӣ ва мубодилаи маълумот баррасӣ намуданд.

Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ёрмаҳмадзода К.Ё. таҳкими ҳамкориҳоро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои баъдӣ иброз намуд.

Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи онҳо бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ омодагии худро иброз намуданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: