ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти гумрук

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои омодагӣ ба интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки 2 марти соли 2025 таъин карда шудааст, идома дорад.

Вобаста ба ин, 6 феврали соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати шахсии хадамот бо узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мағфират Хидирзода ва коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода, муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳурматзода Иззатулло Зариф иштирок намуданд.

Вохӯриро сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода оғоз карда, қайд намуд, ки боиси ифтихор аст, ки сол ба сол дараҷаи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мо афзуда, дар ҳама чорабиниҳои сиёсӣ ширкати фаъолонаи онҳо ба назар мерасад. Дар замони соҳибистиқлолӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар гузаронидани якчанд интихобот ва раъйпурсӣ фаъолона ширкат варзида, аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ васеъ истифода мебаранд.

Дар баромади худ узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хидирзода М. У. оид ба нақшаи баргузории интихоботи навбатӣ ва ҳуқуқи интихобкунандагон маълумот манзур намуда, ёдовар гардид, ки номзадҳо аз 7 ҳизби сиёсӣ барои 63 курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Ҳамчунин, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои худ оид ба пешниҳоди номзадии вакилон, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо маълумот пешниҳод намуда, ёдовар гардиданд, ки танҳо муносибати бошуурона ба иҷрои масъулияти шаҳрвандӣ, дарки вазифаҳо дар назди ҷомеа ва давлат ва кӯшиши иштироки фаъолона дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ифодаи ташаккули насли худшинос дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: