ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Вохӯрии ифтитоҳии Миссияи Миёнамуҳлати Лоиҳаи БРАМОМ-4 дар Хадамоти гумрук

11 ноябри соли 2024 дар дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ифтитоҳии Миссияи Миёнамуҳлати Лоиҳаи Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4) баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ муовини аввали Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Хайдар, роҳбарони раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук, ҳамоҳангсоз ва кормандони Лоиҳаи БРАМОМ-4, инчунин гурӯҳи Миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ бо роҳбарии мутахассис оид ба нақлиёт – Абдул Ҳамид Халилӣ иштирок намуданд. Ба ҳайати гурӯҳ мутахассисони соҳаи савдо, нақлиёт ва технологияҳои иттилоотӣ шомил буданд.

Ҳадафи асосии миссияи Бонки умумиҷаҳонӣ баррасии раванди умумии татбиқи ҷузъҳои Лоиҳа, шиносоӣ бо вазъи идоракунии молиявӣ, раванди харид, нишондиҳандаҳои матритсаи натиҷаҳои Лоиҳаи БРАМОМ-4, риояи талабот оид ба ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоӣ, инчунин мувофиқа кардани нақшаи амалҳо барои суръат бахшидани татбиқи Лоиҳа мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳим, аз ҷумла қисмати 3 Лоиҳа, навсозии платформаи ТИК-и гумрукӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва захираҳои кадрӣ дар Хадамоти гумрук, навсозии таҷҳизоти назорати техникии наздисарҳадии интиқоли бор ва мусофирон, баррасии натиҷаҳои миссияи қаблии Бонки умумиҷаҳонӣ (май-июни соли 2024) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар анҷоми миссия ҷонибҳо ҳамкории самаранок ва дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусбӣ арзёбӣ намуданд. Инчунин, таъкид гардид, ки татбиқи бомуваффақияти Лоиҳа ба ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва гумрукӣ мусоидат менамояд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: