30 январи соли 2025 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии тадқиқоти вақти иҷозати мол муаррифӣ гардиданд. Ин тадқиқот дар доираи Лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ" (БРАМОМ-4), ки бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардидааст, дар 11 дидбонгоҳи гумрукӣ моҳи ноябр – декабри соли 2024 гузаронида шуд.
Мувофиқи таҳлили анҷомдодашуда, дар муқоиса бо соли 2021, вақти иҷозати молҳо тақрибан ду маротиба коҳиш ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки Хадамоти гумрук дар самти соддагардонии расмиёти барасмиятдарорӣ ва баланд бардоштани самаранокии кор пешрафти назаррас кардааст.
Роҳбари ширкати “Таҳлил ва машварат” Қосимов Абдуазиз, ки муаррифии натиҷаҳои тадқиқотро анҷом дод, дар баромади худ қайд намуд, ки санҷишҳо пешрафти назарраси системаи гумрукро нишон медиҳанд. Инчунин, кормандони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ низ дар баррасии натиҷаҳои таҳлил ба таври маҷозӣ иштирок намуда, тавсияҳои худро пешниҳод карданд.
Пешравиҳои бадастомада барои соҳибкорон ва ширкатҳои воридотӣ/содиротӣ аҳамияти калон доранд, зеро вақти кӯтоҳтари барасмиятдарории суръати интиқоли молу маҳсулотро зиёд намуда, хароҷоти изофии ширкатҳоро кам менамояд, шаффофияти равандҳои гумрукиро беҳтар месозад, соҳибкоронро ҳавасманд мекунад ва фаъолияти тиҷоратии худро густариш диҳанд.
Бо вуҷуди натиҷаҳои мусбӣ, иштирокчиёни рӯнамо ба намояндаи ширкати тадқиқотӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карданд. Ин тавсияҳо метавонанд ба боз ҳам коҳиш додани вақти барасмиятдарории гумрукӣ ва баланд бардоштани самаранокии равандҳои марбут ба воридоту содирот мусоидат намоянд.
Коҳиши вақти иҷозати мол дар низоми гумрукии Тоҷикистон қадами муҳим дар беҳтарсозии фазои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Бо татбиқи чораҳои нав ва такмили механизми барасмиятдарории гумрукӣ, Тоҷикистон метавонад рақобатпазирии худро дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш дода, ҷалби бештари сармоягузоронро таъмин намояд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон