ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Баргузории ҷаласа вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 январи соли 2025 дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҷаласа доир гардид.

 

Ҷамъомади мазкур дар асоси бандҳои 1 ва 39 Нақшаи чорабиниҳо оид ба вазифаҳои гузошташуда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи чорабиниҳои дохилидоравӣ баргузор гардид. Маҷлисро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамот Абдумумин Муродиён оғоз бахшида, сипас ба меҳмони чорабинӣ, Бобозода Умед Эмомалӣ - ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ баҳри шарҳи бештари нуктаҳо аз Паём сухан дода шуд.

Ба таъкиди номбурда Паём тамоми самтҳоро фаро гирифта, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ суханронӣ намуда, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Инчунин қайд гардид, ки дар Паёми имсола Президенти мамлакат ба самти иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки дар соли 2025-ум доир ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон Хадамоти гумрукро низ дар баробари дигар ниҳодҳо номбар намуданд. “Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.” Ин нуктае аз суханрониҳои Ҷаноби Олӣ аз Паёми имсола буд, ки гумрукчиёнро мебояд, дар ин самт корро ҷоннок намоянд, - иброз дошт, Умед Бобозода.

Дар фарҷоми суханронӣ номбурда таъкид дошт, ки кормандони мақомоти гумрукро мебояд дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ низ таъсиргузор бошанд, ки яке дигар аз нуктаҳои муҳими Паём ба шумор меравад.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: