ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 2024 кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук дар толори он ҷамъ омада, дастаҷамъона Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.

 

Паёми Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикисотон, ки бо таҳлили дигаргуниҳо ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ сурат гирифт, кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона тамошо намуданд.

Ҳангоми Ироаи Паёми хуб ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳлилиу натиҷагирии музаффариятҳо ва нақшаҳои амали ғардида, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки рушди устувор дар мамлакат таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтаршавӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар ин самт таъкид гардид, ки дар баробари таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ, аз ҷумла дар соли 2024 ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, фаъолияти босуботи низоми пардохтҳо, хосса пардохтҳое, ки барои ғанисозии буҷети давлат нигаронида шудаанд натиҷаҳо назаррас буда, дар маҷмуъ бо фарогирии ҳаммаи бахшҳо рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шуд.

Дар ин замина тахкид гардид, ки барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андозу дигар пардохтҳои давлатӣ идома доранд.

Таъкид гардид, ки дар раванди идомакардани таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои беҳдоштӣ рушди иқтисодиёти Тоҷикистон таъмин гардида, соли 2024 таҳкими Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон таъмин гардид.

Соли 2024 барои Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, қисми даромади буҷети давлатӣ бо нишондиҳандаҳои баланд таъмин гардид.

Дар ин замина кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои мукаммали фаъолият пазируфта, баҳри татбиқи ҳадафу барномаҳои мукаммали рушд, таҳкими низоми пардохтии мамлакат ва барномаҳои нақшавии рушди иқтисодӣ дар кишвар, бо идоракунии самаранок баҳри таъмини афзалиятҳои кишвар камар мебанданд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: