ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мулоқоти Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон

27 декабри соли 2024, Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиёнро ба ҳузур пазируфт.

 

Дар оғози мулоқот Сардори Хадамоти гумрук меҳмононро пазироӣ намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни ду давлатро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти омори гумрукӣ диққати махсус дода, зарурати мубодилаи маълумоти гумрукӣ дар вақти воқеӣ тибқи Протоколи техникии баимзорасида байни мақомотҳои гумрукро таъкид карданд. Ҳамчунин, густариши ҳамкориҳои гумрукӣ дар доираи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоягузории дуҷониба низ муҳокима шуданд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда метавонад ба рушди ҳамкориҳои устувор ва дарозмуддат мусоидат намояд.

Сафири Эрон муҳимияти ин мулоқотро таъкид намуда, оид ба такмили расмиёти гумрукии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт байни ду кишвар изҳори назар кард.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи масъалаҳои баррасишуда таъкид намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки ин вохӯрӣ ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар вохӯрӣ инчунин мушовири иқтисодӣ Алӣ Кирдободӣ, корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Шарифиддин, сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ Исозода Исо Шайдулло, сардори Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит Давлатов Азизулло Нусратуллоевич, сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Ёрмаҳмадзода Комёр ва сарнозири Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ Пиров Мусаввӣ иштирок доштанд.

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

sh9
sh8
sh7
sh6
sh5
sh4
sh3
sh2
sh1

Суроға: хиёбони Бухоро-50|
Ҷумҳурии Тоҷикистон|
ш. Душанбе|

(Cуроғаи почтаи электронии
Маҷаллаи "Гумрук")
info.gumruk@yandex.ru

Агар хоҳед, ки ҳамеша аз хабару эълонҳои нав огоҳ бошед, дар сомонаи мо обуна шавед: