Имрӯз дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дастовардҳои мақомоти гумрук дар 33 соли соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамоиши ҷавонони мақомоти гумрукӣ баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Амир Мудин ва намояндагони ин ниҳод ширкат варзиданд.
Ҳамоишро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумрук, генерал-майори хадамоти гумрук Муродиён Абдумумин Раҷабзод ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба дастовардҳои мақомоти гумрук дар 33 соли соҳибистиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Сипас, кормандони мақомоти гумрук бахшида ба ин санаи муҳим ва дастовардҳои соҳаи гумрук маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Баъдан, сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Амир Мудин миннатдории худро ба мақомоти гумрук барои ташкили чунин як ҳамоиши тантанавӣ баён намуд. Ӯ зимни суханронии худ таъкид кард, ки ҷавонони даврони истиқлолият бояд масъулияти худро дарк намуда, ба қадри озодӣ ва истиқлолият бирасанд. Ҷавонон метавонанд бо ташаббусҳои инноватсионӣ ва ғояҳои созанда ба пешрафти ҷомеа мусоидат намоянд.
Зикр гардид, ки ҷавонон нерӯи бузург ва муҳаррики асосии ҷомеа мебошанд. Даврони истиқлолият барои онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Ҳар як ҷавон бояд барои ободии Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолият саъйу кӯшиш намояд. Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ҷомеаи пешрафта ва устуворро бунёд намоем.
Дар ҳамоиш масъулон вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, инчунин танзими анъана ва ҷашну маросимҳо суханронӣ намуданд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш, баҳри ҳавасмандгардонии кормандон, аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонони фаъол сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон